languages en

Хазинаи маърифат 4
Install Now
Хазинаи маърифат 4
Хазинаи маърифат 4

Хазинаи маърифат 4

Хазинаи маърифат

Developer: ASHLIFEMA
App Size: Varies With Device
Release Date: Apr 12, 2021
Price: Free
1
6 Ratings
Size:
Varies With Device
Download APK
Google Play

Screenshots for App

Mobile
Эй Худо, эй Қодири бечанду чун,
Воқифӣ бар ҳоли беруну дарун.
Ин қадар иршод бар мо додаӣ,
Ин қадар Ту айби мо пӯшидаӣ.
Қатраи илм аст андар ҷони ман,
Вораҳонаш аз ҳаво в-аз хоки тан...
Ин ҷаҳон кӯҳасту феъли мо – нидо,
Сӯи мо ояд нидоҳоро садо...
Ин ҷаҳон кӯҳасту гуфтугӯи ту,
Аз садо ҳам боз ояд сӯи ту.
Мавлоно
Китобе, ки бо талошу заҳамоти Субҳон Қурбонов
таҳия гардидааст, натиҷаи мутолиа ва тафаккуру бардоштҳои маърифатии ӯ маҳсуб мешавад, ки хонандаро низ аз
лаззати суханони ҳикматноку гуҳарбори инсонҳои комил,
аз қабили паёмбарони илоҳиву азизони Худо ва афроди
донишманду ҳаким, бархӯрдор месозад. Ин китоб, дар
воқеъ, давои дардҳои қалбиву ҷисмӣ (албатта, барои
касоне, ки дар сиришташон тухми маърифату садоқат
ва муҳаббат кошта шудааст) ва раҳнамое барои оқилону
орифон ва ошиқони каломи ҷонбахш аст, ки василае
баҳри ноил гаштан ба камолоти ахлоқист. Вижагии
мавзӯъҳои дар китоб матраҳшуда аз он иборатаст, ки
инсонро ба тадаббуру чора ҷустан дар ислоҳ ва тарбияи
нафси аммора водор месозанд, нафсе, ки ба модарбут (ба
қавли Мавлоно: Модари бутҳо бути нафси шумост, З-онки
он бут мору ин бут аждаҳост) табдил гардида, имрӯз
бани башарро мубталои хеш сохта, ӯро аз ин тариқ ба
бадбахтиву фалокатҳои гӯшношунид дучор месозад.
Баҳри ноил гаштан ба камолоти маънавӣ ва ба роҳ
мондани тарбияи инсон бар асоси чунин як китоби муфид
амри муҳим ва зарурист. Вазифаи аз ҳама муҳимме, ки
ҷиҳати ислоҳи нафс дар назди инсони имрӯзу фардо
меистад, ин, пеш аз ҳама, убур кардан аз хоҳишоти
ботиниву нафсонии ӯст, ки ба сони бут сабаби ба вуҷуд
омадани кибру ғурур ва хештанпарастиву худбузургбинӣ
шудаанд. Маҳз ҳамин хасоили зишт омили худбегонагии
инсон гардида, роҳи камолотро ба рӯяш масдуд месозанд
ва маъмулан чунин ҳолатҳо яке аз омилҳои бозмондан аз
рушду нумуи кишвару миллат хоҳад гашт.
Дар вазъи кунунӣ чунин ба назар мерасад, ки насли
башар, ба хусус насли ҷавон, аз тарбияи маънавӣ фарсахҳо
дур ва маҳрум мешаванд. Барои бозгашт ба асолати хеш
таҳия ва интишор додани ҳамин гуна мавод аз аҳамият
холӣ нахоҳад буд
Аз муҳтавои китоб чунин бармеояд, ки муаллиф дар
назди худ ҳадафи неке гузоштааст: он чи, ки аз мутолиаҳои
пайваста васила ва мояи лаззати маънавиаш гаштааст,
дигаронро низ бичашонад, яъне ҳамон фармудаи
муъаллими башарият, ҳазрати Расул (с.а.в.)-ро амалӣ
намудааст, ки:
“Он чиз, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас маписанд, эй бародари ман“ (мазмуни ҳадис)
Китоб бар мабнои сарчашмаҳои зиёди адабию
таърихӣ ва ирфонӣ сурат гирифта, муаллиф зимни
баррасии маводи фаровон, дар ҳошияи фармудаҳои
бузургон мулоҳизаву хулосаҳои хешро низ зикр кардааст.
Саидолимов Комилҷон,
номзади илмҳои филологӣ
Show More
More Information about: Хазинаи маърифат 4
Price: Free
Version: 1.2
Size: Varies With Device
Release Date: Apr 12, 2021
Content Rating: Everyone
Developer: ASHLIFEMA
Developer Apps:
Recent Releases

Whatsapp
Vkontakte
Telegram
Reddit
Pinterest
Linkedin
Hide